СА Р А З М И К Ӯ Ҳ А Н - И Ф Т И Х О Р И В А Т А Н

Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб ”  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб чорабинии пуршукӯҳеро дар мавзӯи “Саразм-ёдгории бузурги таърихист” баргузор намуданд.  Бояд зикр намуд,ки  1-сентябри соли 2000 бо фармони Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдгории 5500-солаи Саразм маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунар ва шаҳрсозии тоҷикон, мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон шуд.  Ҷашни 5500-солагии Саразм, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад, мояи худшиносӣ, меҳанпарастии тоҷикон ва тоҷикони бурунмарзӣ хоҳад гашт. 

Дар чорабинӣ муовини директори Китобхонаи мазкур  Абдулҳакимзода Саодат  дар мавзӯи “Саразми кӯҳан-ифтихори Ватан” суханронӣ  намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки 31-июли соли 2010 Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил гардидааст. Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии таҷдиди ёдгории Саразм барои солҳои 2012-2020» қабул шудааст. Қайд намудан ба маврид аст, ки ёдгории Саразм таҷассумгари дигаргуниҳои бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва пайдоиши ҳунармандиву кишоварзӣ дар ҳаёти аҷдодони қадими ориёии мо дар асри биринҷӣ ба шумор меравад.    Инчунин ҳозирин суханрониҳои пурмуҳтавои директори генералии осорхонаҳои ш.Кӯлоб Асозода Ҳотам, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳо, лейтенанти  калони  милитсия  Марҷонаи Аҳмадро шунида,  зарур донистанд, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз намоянд, обод гардонанд ва бо онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати кӯҳанбунёд муносибат намоянд.

Боиси сарфарозию ифтихори мо ворисон аст, ки бо шарофияти истеъдоду ҳунари волои шаҳрсозию ҳунармандӣ ва маърифати баланди ватанхоҳию меҳанпарастии ниёкони баору баномусамон имрӯз моро ҷаҳониён ҳамчун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун эътироф менамоянд. Аз ҷумла, ёдгории Саразми бостонӣ  ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол  мебошад.

Сомонаҳо

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Моро дар ин ҷо пайдо намо

JoomShaper