Омодагиҳо ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи донои китоб аст....”

Маъмурияти Муассисаи давлатии "Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» ҷиҳати омодагиҳо ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи донои китоб аст....” ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам, Эмомалӣ Раҳмон  (№ АП- 1165 аз 09.02.2019) ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир мегардад, эҳтиромона ба Шумо иттилоъ медиҳад, ки кормандони китобхона бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ     бо ҳамаи гурӯҳои хонандагон махсусан муаллимону муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, коллеҷу литсейҳо ва донишҷӯёну муаллимони Д.Д.К ва Д.Т.М.И.К- ро  даъват бар   намуданд, ки барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии онҳо як қатор корҳоро ба сомон расониданд.

      Вобаста ба ин ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”ва идомаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” – ро аз рӯи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм - таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олики асбӣ ва сеюм - дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монданд.      

      Ҳамаррӯза корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, идораву ташкилотҳо  доир намуда, оиди  Низомномаи Озмун, самтҳои асосии он, шарт ва тартиби баргузорӣ   инчунин  ба воситаи рӯзномаи “Навиди Кӯлоб” ба тамоми аҳолии шаҳру наҳоҳӣ  “Муроҷиатнома”-и китобхона  интишор гардид то ин,ки қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба китобу китобхонӣ ҷалб гарданд.

    Ҳамин аст,ки аз рӯзи нашр гардидани “Муроҷиатнома” то ин давра ба Китобхона 163-хонанда номнавис гардиданд,ки аз ин аз рӯи номинатсияи адибони клласик  5-нафар, адибони муосир 8-нафар, бачагона  40-нафар, адабиёти ҷаҳон  8-нафар ва шоирӣ 2-нафар ба қайд гирифта шуд. Дар байни инҳо 2-нафар донишҷӯ, 3-нафар нафақахӯр, 1-нафар табиб ва 2-нафари дигар омӯзгор мебошад.

      Хонандагоне,ки соли гузашта дар баргузории Озмун фаъолона иштирок намуда будан,д соли ҷорӣ фаъолияти худро боз ҳам ҷиддитар ба роҳ монда, барои мушарраф гардидан ба зинаҳои баландтари китобхонӣ ва ба даст даровардани ғолибият дар Озмун кӯшишу ғайрати дучанд намуда истоданд. Ҳамзамон дар назди Ситоди доимамалкунандаи Озмун  ки дар китобхона фаъолияти мунтазам дорад аз рӯи нақшаи таҳрезишуда аъзоёни Ситод бо довталабон маслиҳатҳои муфид дода рӯйхатҳои тавсиявии адабиёро аз рӯи номинатсияҳои интихобнамуда пешкаш менамоянд.

Сомонаҳо

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Моро дар ин ҷо пайдо намо

JoomShaper