Ато Муҳаммадҷонов

              Ато Муҳаммадҷонов ҳунарманди

                    театр ва синамои тоҷик

     Дар бораи  ҳунарманди мардумии санъати тоҷик  чизе  навиштан  басе маҳол аст. Зеро, ки ӯро  ҳама мешиносанд, ҳама медонад. Дигар  дар борааш  чи метавон гуфт?

    Тарҷумаи мухтасари ҳол:  

    Ҳунарманди  театру синамои тоҷик Муҳаммадҷонов Ато Самиудинович 2-сентябри соли 1940 дар оилаи хизматчӣ дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ ҳануз ¸ангоми мактабхониаш дар машғулиятҳои ҳаваскорони санъати баччагона ширкат мегирифт, иштирокчии фаъоли маҳфили драмавии «Хонаи пионерон»-и шаҳри Душанбе буд. Ҳунари  Ато Муҳаммадҷонов  аз назари  масъулини санъати театри тоҷик  берун намонд. Бидуни ягон маълумот доштанаш ¢ро баъди хатми мактаби миёна соли 1958 ба театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ  ҳамчун актёр ба кор қабул намуданд. Ҳунару истеъдоди худододиаш дар андак муддат ўро ба оламиён шиносонд. Вале пайдост ки ин махбубият барояш осон ба даст намеомад.Шабу рӯз заҳмат мекашид то маҳбуби мухлисон гардад. Санъати театрӣ  яке аз намуди  душвортарин санъатхост. Он як баҳри беҳудуд аст бояд шиновари комил бошӣ, ки аз ин баҳр гузарӣ. Заҳматхояш самар доданд. Ато Муҳаммадҷонов  дар натиҷаи заҳматҳои паёпай  аз ҳама зинаҳои унвонҳои  санъати Тоҷикистон  гузашт ва соли 1981 унволи олии   Артисти Халқии Иттиҳоди Шӯравиро ба даст овард. 

     Аслан ин марди худодод баҳри такмил додани истеъдоду ҳунари худ дар ягон донишгоҳи санъати ҷумҳурӣ ва хориҷ нахондааст. Вай ки зотан инсони равоншиносу инсоншинос буд ҳар нақшашро барои инсонҳо меофарид. Ҳамин  хунари модарзодиаш ўро дар миёни хунармандони тоҷику хориҷ ҳамчун нигини саҳнаи тоҷик шиносонд. Мутаасифона марги нобаҳангом ӯро   9-сентябри соли 2002 аз байни мо даррабуд. Марги Ато Муҳаммадҷонов танҳо марги ӯ нест. Марги ӯ як нав заволи санъати тоҷик аст.

     Ў  дар зиндагӣ ҳеч гоҳ танхо набуд, зеро  бо театри тоҷик зиндагӣ мекард, яъне бо милати тоҷик. Ҳунарманди дигари шинохтаи  театри тоҷик Раҷаб Ҳусейнов ки бо ӯ  дар зиндагӣ ҳамсабак ва ҳамкор буд, бо таассуф мег¢яд ки  баъди марги нобаҳангоми Ато Мухаммадчонов ман худро дар зиндагӣ танҳои танҳо меҳисобам. Ман наметавонам хеҷгоҳ ¢ро фаромуш бикунам. Баъди ӯ ман дигар ҳеҷ вақт д¢ст, рафиқ ва санъатвареро  мисли ӯ нахоҳам ёфт. Ато Муҳаммадҷнов дар санъати  театру кино санъати худро дошт, ҳазор  нақш офаридааст, ҳазор инсон буд ¸ам инсони  табиатан, ахлоқан ва манфию мусбат, ин ҳама хислатҳояш дар нақшҳояш буд, вале худ дар зиндагӣ комилтарин инсон буд.

    Ҳеҷ гоҳ Ато Муҳаммадчонов ва саҳнаҳои офаридаи ў аз чашми дустдорони театру синамои тоҷик дур нахоҳанд шуд, гуфт ҳангоми суҳбат  Хайрулло Давлатов саррасоми  Театри   мусиқи мазҳакавии ба номи  Ато Муҳаммадҷонови ш.Қурғонтеппа. Мо ҳунармандони театр гиламанд аз онем,ки тамошобин надорем. Аммо ин як андоза хатост. Гап дар инҷост, ки мо ҳунарманде ба мисли Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Вохидов, Ҳошим Гадоев, Аслӣ  Бурҳонов, Тӯҳфа Фозилова   надорем.   

   Фаъолияти эҷодии Ато Муҳаммадҷонов дар кино  бо иҷрои нақши лаҳзавӣ  дар намоишномаи «Тошбек ва Гулкурбон»-и М.Миршакар оғоз  меёбад. Ў дорои истеъдоди фитрӣ ва тахайюли бойи бадеист.  Ин ҳунар ба ў имкон дод, ки нақшҳои ичтимоиву сиёсӣ, ишқиву лирикӣ, фоҷиавию мазҳакавиро бо муваффақият иҷро намояд.   Ўро Худованди якка баҳри мардуми бофарҳанги тоҷикзабон ато кардаасту модару падари бузургаш низ дидаву дониста ўро Ато ном гузоштаанд. Атои худовандӣ, Атои театру синамои тоҷик ва Атои завҷаи меҳрубону фарзандони ғамхори падар. Ато Муҳаммадҷонов чун шоҳсутуни қалъаи ҳунар, шамъи фурузоне буд, миёни ҳамзамонон, бо ҳунарвариаш. ¡ барои ҳунар талош мекард то мо дар рохи вафо, дар роҳи садоқат, дар ҷустуҷӯи гавҳари мақсуд устувор бошем, дар талоши зиндагии бемаҷро ранҷи бехабарӣ накашем, аз театр, аз сухану аз саҳна дар маҷм¢ъ аз фарҳанги волои точикон ташнагӣ шиканем.    Ато Муҳаммадҷонов буд, ки дар саҳна ҳолати руҳии қаҳрамонҳояшро, бо ҳиссиёти баланд ифода менамуд, олами ботинии онҳоро мекушод. Беҳтарин накшхои ичрокардааш дар театр: Адхам-«Алломаи Адхам ва дигарон»-и С. Улуғзода, Қаландар «Дохунда»-и Ҷ.Икромӣ ва ғайраҳо  мебошанд.

  Ҳамчунин дар синамои тоҷик зиёда аз 30-накшро офаридааст. Ато  Муҳаммадчонов дар ҳайати дастаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А.Лоҳутӣ соли 1964 ба Афғонистон сафари ҳунарӣ кардааст. Барои иҷрои нақши Амир дар филми «Ҷавонии даҳҳо» сазовори Лауретаи мукофоти давлатии СССР гардидааст. ¡рову ҳунарҳои ўро нодида нагирифтанд. Ато Муҳаммадҷонов  бо ордени Дўстии Халқҳо ва медалҳои зиёде сазовор гаштааст. Ҳикмати рангу рӯшноиро меҷуст рӯи саҳна А. Мухаммадчонов дар маҷмуъ. Ў ҳунарманди зиндагиву андеша буд. Дар ин рузҳо дар ҳар нақши офаридааш, дар ҳар образи боқӣ гузоштааш аз ҳастии хеш дарак медиҳад, Ато Муҳаммадҷонов атои  саҳнаи тоҷик буд. Итминон аст ки ёди ин марди ҳунар, ин сарсупурдаи олами эҷод дар  хотироти мо ҷовидона хоҳад монд.

Сомонаҳо

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Моро дар ин ҷо пайдо намо

JoomShaper