Чорабиниҳо дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо

Дар китобхонаи марказӣ ва бачагонаи шаҳри Левакант оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ” бо иштироки хонандагони литсейҳои №1 ва 2 омодагӣ диданд.

 

           Кормандони китобхонаи марказии ноҳияи Ҷ.Балхӣ бахшида ба зодрӯзи нависандаи тоҷик Ҷумъа Одина дар мавзӯи “Накӯноми миллат” бо иштироки хонандагони МТМУ №10 сӯҳбат барпо намуда, бобати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” бо номи “Омад баҳори хуррам” бо хонандагони синфҳои иптидоӣ МТМУ №2 вохӯрӣ гузарониданд.

             Дар китобхонаи маркахии ноҳияи Фархор дар мавзӯи “Равшангари роҳи мо” бахшида ба Рӯзи Матбуоти тоҷик бо иштироки хонандагони фаъоли китобхона чорабинӣ гузаронида шуд.

Сомонаҳо

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Моро дар ин ҷо пайдо намо

JoomShaper