СА Р А З М И К Ӯ Ҳ А Н - И Ф Т И Х О Р И В А Т А Н

Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб ”  дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб чорабинии пуршукӯҳеро дар мавзӯи “Саразм-ёдгории бузурги таърихист” баргузор намуданд.  Бояд зикр намуд,ки  1-сентябри соли 2000 бо фармони Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдгории 5500-солаи Саразм маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунар ва шаҳрсозии тоҷикон, мамнӯъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон шуд.  Ҷашни 5500-солагии Саразм, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил карда мешавад, мояи худшиносӣ, меҳанпарастии тоҷикон ва тоҷикони бурунмарзӣ хоҳад гашт. 

Омодагиҳо ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи донои китоб аст....”

Маъмурияти Муассисаи давлатии "Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» ҷиҳати омодагиҳо ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи донои китоб аст....” ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам, Эмомалӣ Раҳмон  (№ АП- 1165 аз 09.02.2019) ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир мегардад, эҳтиромона ба Шумо иттилоъ медиҳад, ки кормандони китобхона бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ     бо ҳамаи гурӯҳои хонандагон махсусан муаллимону муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, коллеҷу литсейҳо ва донишҷӯёну муаллимони Д.Д.К ва Д.Т.М.И.К- ро  даъват бар   намуданд, ки барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии онҳо як қатор корҳоро ба сомон расониданд.

Чорабиниҳо дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо

Дар китобхонаи марказӣ ва бачагонаи шаҳри Левакант оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ” бо иштироки хонандагони литсейҳои №1 ва 2 омодагӣ диданд.

Дар доираи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба воситаи рӯзномаи “Навиди Кӯлоб” бо номи “Муроҷиатнома”–и китобхона рафта истода

Дар китобхонаи вилоятии ба номи С.Айнии шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муассисаву ташкилотҳо ва аҳли ҷомеа дар доираи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба воситаи рӯзномаи “Навиди Кӯлоб” бо номи “Муроҷиатнома”–и  китобхона рафта истода, ситоди доимоамалкунандаи озмун ҷиҳати тарғиби номенатсияҳои он амал намуда истодааст.

Низомномаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

I. Муқаррароти умумӣ

1. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (минбаъд озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 баргузор мешавад.

2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо),  калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.

Сомонаҳо

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Моро дар ин ҷо пайдо намо

JoomShaper