Озмунии “Парвин” дар маркази вилояти Хатлон

      Санаи 4-5 декабри соли 2018 дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар шоу-барномаи озмунии “Парвин” шуда гузашт.

         Дар лоиҳа наврасони то 20-сола, ки аллакай малакаи касбӣ омӯхтанд, иштирок намуданд. Гузашта аз ин ғолибони ин лоиҳа аз вилояти Хатлон дар чандин чорабиниҳои ҷумҳуриявии телевизионӣ баромад намуданд, ки ин ифтихори соҳаи фарҳанги мо мебошад. Дар ин шоу-барнома зиёда аз 100 - нафар мактаббачаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии навоҳии вилоят, аз он ҷумла толибилмони мактабҳои санъати бачагонаи шаҳру ноҳияҳои Бохтар,  Левакант,  Ёвон, Вахш ва  Ҷалолиддини Балхӣ иштирок ва баромад намуданд.

Фестивал-озмуни рассомони вилоят таҳти унвони “Тоҷикистон кишвари- афсункор”

Тибқи ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” рӯзи 30.11.2018 дар бинои Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто”, Фестивал-озмуни рассомони вилоят таҳти унвони “Тоҷикистон кишвари- афсункор” доир гардид, ки дар он рассомони ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Кӯлоб, А.Ҷомӣ, Муъминобод, Қубодиён, Хуросон ва Фархор ширкат варзиданд. Аъзоёни ҳакамони Фестивал-озмун ба кори рассомони шаҳру ноҳияҳои Норак, Кӯлоб, А.Ҷомӣ ва Бохтар баҳои сазовор доданд.

Сазовори ҷойҳои ифтихори дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҷамъбасти даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2018” санаи 25.11.2018 дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Ҷойи аввалро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сазовор шуд ва аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Диплом, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони “Чароғӣ ҳидоят”

Санаи 24 ноябри соли 2018 дар рӯзи ҷашни Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони “Чароғӣ ҳидоят” аз рӯи чор номенатсия баргузор гардид.

Сомонаҳо

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Моро дар ин ҷо пайдо намо

JoomShaper